Ба гузориши ИҚНО ба нақл аз Arabi21, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ порчае аз қироати Қуръонии шаҳид Ҳумом ал-Ҳайя — фарзанди Халил ал-Ҳайя, раҳбари ҳаракати муқовимати исломии Ҳамос дар Ғазза — ро паҳн карданд. Ин қироат дар маросими мотами фарзандон ва набераҳои шаҳид Исмоил Ҳания иҷро шудааст.
Ҳумом ал-Ҳайя, ки дар ҳамлаи охири режими саҳюнистӣ дар шаҳри Доҳа — пойтахти Қатар — ба шаҳодат расид, ин қироати тартилии Қуръонро дар ёди узви хонаводаи шаҳид Исмоил Ҳания, раиси пешини дафтари сиёсии Ҳамос, иҷро кардааст. Исмоил Ҳания дар моҳи июли соли гузашта аз сӯйи саҳюнистҳо дар Эрон ба шаҳодат расонида шуда буд.
Ҳумом дар ин маросим оятҳои 154 то 157 аз сураи «Бақара»-ро тиловат кард:
«وَلَا تَقُولُوا لِمَنْ يُقْتَلُ فِي سَبِيلِ اللَّهِ أَمْوَاتٌ بَلْ أَحْيَاءٌ وَلَكِنْ لَا تَشْعُرُونَ، وَلَنَبْلُوَنَّكُمْ بِشَيْءٍ مِنَ الْخَوْفِ وَالْجُوعِ وَنَقْصٍ مِنَ الْأَمْوَالِ وَالْأَنْفُسِ وَالثَّمَرَاتِ وَبَشِّرِ الصَّابِرِينَ، الَّذِينَ إِذَا أَصَابَتْهُمْ مُصِيبَةٌ قَالُوا إِنَّا لِلَّهِ وَإِنَّا إِلَيْهِ رَاجِعُونَ، أُولَئِكَ عَلَيْهِمْ صَلَوَاتٌ مِنْ رَبِّهِمْ وَرَحْمَةٌ وَأُولَئِكَ هُمُ الْمُهْتَدُونَ»
«Ва ба касоне ки дар роҳи Худо кушта мешаванд, нагӯед мурдаанд. Балки онҳо зиндаанд, вале шумо дарк намекунед... »
Падараш, Халил ал-Ҳайя низ дар ин маросим ҳозир буд.
Ҳаракати муқовимати исломии Ҳамос рӯзи ҷумъа эълон кард, ки Халил ал-Ҳайя — раҳбари Ҳамос дар Ғазза ва раҳбари ҳайати музокиракунандаи ин гурӯҳ, ки саҳюнистҳо эълон карда буданд ӯро ҳадаф қарор додаанд, пас аз анҷоми тадбирҳои амниятӣ дар Қатар, бар ҷасади шаҳидони ҳамлаи террористӣ дар Доҳа, аз ҷумла бар фарзандаш Ҳумом, намози ҷаноза хонд.
Ҳумом ал-Ҳайя рӯзи сешанбеи гузашта (18-уми шаҳривар), дар як ҳамлаи террористии режими саҳюнистӣ дар шаҳри Доҳа, ҳамроҳ бо чор нафари дигар, ба шаҳодат расид.
4304958